Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзади собиқ аз фурӯпошии дарунии Эрон ҳушдор дод


Муҳсин Ризоӣ-номзади нокоми интихоботи зиддунақизи раёсати ҷумҳурии Эрон гуфтааст, агар ҷумҳурии исломӣ нифоқҳои ба вуҷудомада аз интихоботи гузаштаро бартараф накунад, ба "фурӯпошии дарунӣ" рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ризоӣ дар як паёми интернетии худ рӯзи якшанбе хостори ваҳдати миллӣ шудааст ва гуфтааст, идомаи чунин вазъ метавонад ҷомеъаи Эронро "аз дарун фурӯ пошад". Муҳсин Ризоӣ-фармондеҳи собиқи Горди Инқилоб тибқи натиҷаҳои эълоншудаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар мақоми севвум қарор дошт. Мақоми дуввум ба Мирҳуссейни Мусавӣ дода шуд. Вай мегӯяд, натиҷаҳои интихобот ба нафъи Аҳмадинежод ҷаъл шудаанд.
XS
SM
MD
LG