Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори чаҳор сарбози амрикоӣ дар Афғонистон


Низомиёни амрикоӣ гуфтанд, ки рӯзи шанбе бар асари таркиши бомбаи сарироҳие дар ҷануби Афғонистон чаҳор сарбози амрикоӣ ба ҳалокат расиданд. Сарбози панҷуми нирӯҳои НАТО, ки ҳанӯз моҳи июн бар асари ҷароҳатҳои гирифтааш дар касалхона ба сар мебурд, рӯзи ҷумъа ба ҳалокат расид. Ин аз талафоти калонтарини нирӯҳои амрикоӣ баъди шурӯъи амалиёти "Ханҷар" дар ҷануби Афғонистон дар таърихи 2 июли имсол мебошад. Рӯзи душанбеи гузашта дар саросари Афғонистон бар асари ҳамлаҳои ҷудогона ҳафт сарбози амрикоӣ ҷони худро аз даст доданд, аз ҷумла чаҳор нафари онҳо бар асари таркиши бомба дар шимол, вилояти Қундуз кушта шуданд.
Дар ҳамин ҳол мақомот мегӯянд, ки полиси Афғонистон ва нирӯҳои эътилофӣ дар ҷануби ин кишвар 19 ҷангии муттаҳамро нобуд карданд. Вазорати умури дохилаи Афғонистон гуфт, ки ҷангиён дар ду ҳодисаи даргирӣ дар вилояти Урузгон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG