Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармоягузории G-8 ба кишоварзони кишварҳои фақир


Сарони 8 кишвари пешрафтаи саноатии олам дар охирин рӯзи нишасти худ дар шаҳри Лакуиллаи Италия тасмим гирифтанд, ки тайи се соли оянда ба бахши кишоварзии кишварҳои фақири олам 20 миллиард доллар сармоягузорӣ кунанд. Ин маблағ назар ба интизорот 5 миллиард доллар бештар аст. Санади амнияти озуқа дар нишасте пазируфта шуд, ки дар он ҳамчунин раҳбарони бархе аз кишварҳои қораи Африқо ширкат доштанд. Дар ду рӯзи гузаштаи нишасти Лакуилла сарони G-8 асосан сари чанд мавзӯъ – бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, мушкилоти тағйири иқлиму гармшавии ҳаво, мубориза бо фақр ва таъмини мардуми сайёра бо об баҳс карданд. Дар баррасии баъзе масоил раҳбарони панҷ давлати бузурги дар ҳоли рушд – Чин, Ҳинд, Бразилия, Африқои ҷанубӣ ва Кореяи ҷанубӣ низ ширкат доштанд.

Видеоҳои охирин

Рустами Эмомалӣ ба корхонадорон: "Ё ба кор андозед, ё мусодира мекунем"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG