Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз 60-умин солгарди зилзилаи Ҳоит аст


Имрӯз бо 60-умин солгарди заминларзаи мудҳиш ва харобиовар дар шаҳраки Ҳойити водии Рашт мусодиф аст. 60-сол пеш дар ҳамин рӯз ин деҳ бо ҳазорон нафар аҳолии худ ба коми нестӣ рафт. Имрӯз ба нишони гиромидошти хотираи қурбониёни Ҳоит аз рӯи муҷассамае пардабардорӣ мекунанд ва он ҷои муҷассамаи "Модари Ҳоит"-ро мегирад, ки дар солҳои ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон тахриб шуд. Ин муҷассамаро пайкарасози тоҷик Сафарбек Қосимов сохтааст.
XS
SM
MD
LG