Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нешзанандаи ҳамешагии ҳукумат даргузашт


Василий Аксёнов дар синни 77-солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт
Василий Аксёнов дар синни 77-солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт

Яке аз маъруфтарин нависандаҳои муосири Русия Василий Аксёнов дар синни 77-солагӣ аз ҷаҳон чашм пӯшид.

Даргузашти ӯро аҳли қалам ва рӯшанфикрони Русия ва ҷумҳуриҳои пешини Иттиҳоди Шӯравӣ “поёни як асри давронсоз дар адабиёти рус” донистанд.

Адабиётшинос ва мутарҷими тоҷик Хуршеда Даврондухт даргузашти Василий Аксёновро зоъеаи ҷуброннопазир барои адабиёти рус шумурд ва гуфт, “қиссаву ҳикояву романҳои ӯ бар насли мо, ки солҳои 1960-ум ба зиндагии болиғ қадам задаем, таъсири калон гузошт. Наметавонам гӯям ки дар адабиёти тоҷик, дар насри тоҷик Василий Аксёнов ва осори ӯ таъсири бевосита гузошта бошад вале умуман дар ҳавои адабиёт, дар иқлими адабиёт ва шуури мардуми пешрав таъсири ӯ бешубҳа кам набуд”.

Панҷоҳсола роҳи адабии Аксёнов ҳамчун зиндагонияш пур аз фарозу нишеб буд. Василий Аксёнов 20 августи соли 1932 дар шаҳри Қазон дида ба ҷаҳон кушод. Чаҳорсола буд, ки модару падарашро зиндон карданд ва бепарастор монд. Кӯдакияш дар ятимхона гузашт ва замоне, ки наврас буд, модараш – нависанда Евгения Гинзбург – пас аз 10 сол аз зиндон озод шуд ва ӯро ба шаҳри Магадан бурд.

Осори Аксёновро метавон донишномаи бахше аз зиндагии мардуми рус номид. Вай нависандест, ки на танҳо зиндагии се насл - шааҳриёни шӯравӣ ва сипас русро - тасвир кардааст, балки касест, ки шуур ва ҷаҳонбинии русҳоро шакл додааст...
Василий Аксёнов соли 1956 Донишкадаи пизишкии Ленинградро хатм кард ва се сол дар Карелия дар бандари тиҷоратии Ленинград ва дар бемористони сил дар Маскав пизишкӣ кард. Ҳамзамон бо дармони беморон ӯ ҳикояву достон низ менавишт ва нахустин асараш дар соли 1959 чоп шуд.

Дар даҳаи 1960 ки замони “нармиши хрушёвӣ” хонда мешавад, Аксёнов маъруфтарин осораш - “Ҳамкорон” (1960), “Билети бахт” (1961), “Афлесунҳои марокашӣ” (1963), “Пирӯзӣ” (1965) ва чанди дигарро офарид ки дар маҷаллаи он замон маъруфи “Юност” нашр шуданд ва ӯро дар сартосари шӯравӣ шӯҳратёр гардонданд.

Аммо “нармиши хрушёвӣ” дер напоист ва дар даҳаи 1970 “даврони рукуд” фаро расид. Дар паи фишори сензурҳои Ҳизби коммунист ва Кумитаи амнияти миллии Иттиҳоди Шӯравӣ маҷаллаҳо дигар аз нашри қиссаҳои ӯ парҳез мекарданд.

Дар вокуниш ба сензур Аксёнов бо дӯстону ҳамандешонаш соли 1979 маҷмӯаи адабии бесензури “Метропол”-ро бунёд гузошт ва охири ҳамон сол ба нишони эътироз сафи Иттиҳодияи нависандагони Иттиҳоди Шӯравиро тарк кард.

Ин иқдоми вай бепосух намонд ва соли 1980, замоне ки Аксёнов барои нашри осораш ба Амрико сафар кард, раҳбарони коммунист ҳаққи шаҳрвандии Иттиҳоди Шӯравиро аз ӯ ва ҳамсараш гирифтанд.

Аз он пас Василий Аксёнов 10 сол дар Иёлоти Муттаҳида монд ва ҳамзамон бо тадриси забону адабиёти рус дар донишгоҳҳои Амрико, асар менавишт ва осори нависандагони дигарандеши шӯравиро дар маҷмӯаи адабии “Метропол” мунташир мекард.

Ҳамон замон вай бо Радиои Озодӣ низ ҳамкорӣ мекард. Яке аз осори навиштаи ӯ дар Амрико романи сегонаи “Ривояти Маскав” (1989, 1991, 1993) аст, ки зиндагонии се насли зиёиёни русро бозтоб медиҳад.

Нашри осори Василий Аксёнов дар Русия танҳо дар поёни даҳаи 1980 аз сар гирифта шуд. Соли 1990 вай дубора ҳаққи шаҳрвандии Иттиҳоди Шӯравиро дарёфт кард ва сипас ба Русия баргашт.

Дар 50 соли фаъолият вай 23 китоб, 9 филмнома ва 8 намоишнома навишт ки бархе аз онҳо беҳтарин асари адабӣ дар фарҳанги рус шинохта шудаанд. Яке аз охирин романҳояш – “Вольтерьянцы и вольтерьянки” – дар соли 2004 барандаи ҷоизаи русии “Букер” шуд.

Ҳунари нависандагии Василий Аксёнов дар соли 2005 бо олитарин ҷоизаи адабии Фаронса – Нишони “Адабиёт ва ҳунар” – арҷгузорӣ шудааст. Осори Василий Аксёнов дар адабиёт ва фарҳанги русӣ ҷойгоҳи вижае дорад.

Дар ин бора дӯст ва ҳамкораш Александр Кабаков мегӯяд, “осори Аксёновро метавон донишномаи бахше аз зиндагии мардуми рус номид. Вай нависандаест, ки на танҳо зиндагии се насли мо – шаҳриёни шӯравӣ ва сипас русро – тасвир кардааст, балки касест, ки шуур ва ҷаҳонбинии моро шакл додааст”.

Имсол барои Аксёнов соле пур аз солгардҳо буд. 40 сол пеш яке аз машҳуртарин романҳояшро навишта буд ва 30 сол пеш маҷмуаи адабии “Метропол”-ро таъсис дод. Ин маҷмӯъа на танҳо зиндагии Аксёновро дигаргун кард, балки бар адабиёти рус низ асаре мондгор гузошт.

Вай дар достонаш “Ҷазираи Крим” ояндаи Русияро пешбинӣ карда буд ва озодандешии маҷмуаи “Метропол” ояндаи адабиёти русро таъйин кард. Аксёнов бо эҳсоси худогоҳии озодманишонааш дар кишваре дарбаста чун Иттиҳоди Шӯравӣ озодандешӣ дар адабиёти русро поя гузошт.

Аз чанд сол пеш дарди ҷонкоҳе ӯро ранҷ медод ва саранҷом 6 июл риштаи зиндагияшро барканд. Василий Аксёновро рӯзи панҷшанбе, 9 июли 2009, дар оромгоҳи машоҳири Русия – гӯристони Ваганковскии Маскав ба хок хоҳанд супурд.
XS
SM
MD
LG