Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷрӯҳшаврии раҳбари Толибон дар Свот


Низомиёни Покистон гуфтанд, ки Мавлоно Файзулло, як фармондеҳи Толибон дар шимолуғарби водии Свот аз ҷониби нирӯҳои покистонӣ маҷрӯҳ шудааст. Сухангӯи низомӣ генерал-майор Атҳар Аббос дар як нишасти матбуотии Исломобод гуфт, ки низомиён маълумоти қобили эътимоде дар ихтиёр доранд, ки Файзулло осеб дидааст, аммо тафсилоти ин ҳодиса дар даст нест. Файзулло дар дую ним соли охир дар водии Свот раҳбарии Толибонро ба ӯҳда дошта дар ин минтақа қонуни шариатро ҷорӣ кардааст. Артиши Покистон талош дорад ҷангиёни Толибонро аз минтақа комилан берун кунад.
XS
SM
MD
LG