Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷики Гуантанамо ба ватан баргаштан намехоҳад


Охирин шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи Гуантанамо намехоҳад, ба ватанаш интиқол дода шавад.

Дар ҳоле ки ҳукумати президент Обама мехоҳад, боздоштгоҳи Гуантанаморо бибанданд, шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар ин маҳбас боқӣ бимонад ва ба Тоҷикистон фиристода нашавад.

Умар Абдуллоев яке аз маҳбусони Гуантанамо гуфтааст, аз бозгашт ба Тоҷикистон ҳарос дорад ва мехоҳад ё дар Гуантанамо боқӣ монад ва ё ба кишвари савум интиқол дода шавад.

Вакили ҳуқуқии Умар, Метю Оҳара мегӯяд, Абдуллоев низ монанди дигар маҳбусон иштибоҳан боздошт шудааст, аммо ба тарҳи ҳукумати президент Обама, ки мехоҳад, маҳбусонро ба ватанашон баргардонад, мухолиф аст.

Абдуллоев дар соли 1992, дар синни 13-солагӣ ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар ватанаш ба Афғонистон фирор кард ва пас аз бозгашти муҳоҷирони тоҷик ба ватан низ дар ин кишвар боқӣ монд. Пас аз оғози амалиёти зидди терроризм дар соли 2001 вай аз тарафи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида боздошт ва ба маҳбаси Гуантанамо интиқол дода шудааст.

Вай охирин шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи Гуантанамост. 11 нафари дигар, ки ин ҷо буданд, ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд ва чанде аз онҳо дар ватанашон барои мӯҳлатҳои дароз аз озодӣ маҳрум гаштанд.

Бархи дигар аз онҳо такроран Тоҷикистонро тарк кардаанд.
XS
SM
MD
LG