Пайвандҳои дастрасӣ

Дар маҳалли Зиғари ноҳияи Дарвоз бар асари кандашавии кӯҳпора ва афтодани он болои хаймаи чупонӣ ду нафар ҳалок шуда, як нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони ноҳия интиқол шудааст.

Сардори шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ситоди ҳолатҳои изтирории Бадахшон Мунаввар Мирзомустақимов изҳор дошт, ки фоҷеа бар асари боришоти пайдарпайи рӯзҳои ахир ва кандашавии кӯҳпора рух дода, ҷабрдидагон узви як хонавода мебошанд. Сардори шӯъба гуфт, ки аз зарби кӯҳпораи кандашуда модар ва духтар ҳалок ва писарчаи хурдсол ҷароҳат бардоштааст.

Ба гуфтаи мутахассисони ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон, ҳодисаҳои бар асари офат ба ҳалокат расидани одамон дар айлоқҳои чупонӣ қаблан низ ҷой доштаанд. Дар маҳалли Зонги ноҳияи Ишкошим бар асари чунин як ҳодисаи кандашаваии кӯҳпора ва афтодани он болои хаймаи чупонӣ 5 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ба қавли мутахассисон, дар бештари маворид чупонҳо ба мақсади паноҳ ёфтан аз нурҳои офтоби сузон ва боду борон зери кӯҳпораҳо гузоштани хаймаҳои чупониро бартар мешуморанд ва риоят нашудани чораҳои пешгирӣ аз хатари эҳтимолӣ баъзан ба фоҷеа меанҷомад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG