Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони ҳуқуқи башар бо Обама мулоқот мекунанд


Интизор меравад, ки Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар ҷараёни боздидаш аз Русия бо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ мулоқот кунад. Вале баъзе аз фаъолони маъруфи ҳуқуқи башари ин кишвар гуфтаанд, бими он меравад, ки онҳо натвонанд бо Обама муфассал гуфтугӯ кунанд. Интизор меравад, ки дар мулоқот бо Обама гурӯҳҳои ҳуқуқи башари "Гурӯҳи Ҳелсинки", Мемориал, СОВА ва амсоли он дидор ва гуфтугӯ кунанд. Ба ин мулоқот Дмитрий Медведев низ даъват шуда буд, вале вай даъватро рад кард.
XS
SM
MD
LG