Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини вазири хориҷаи Амрико ба Тоҷикистон омад


Интизор меравад, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе бо Роберт Блейк-муовини вазири умури хориҷаи Амрико дидор ва гуфтугӯ кунад. Дар ин бора дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст. Интизор меравад, ки дар нимаи дуввуми рӯз оқои Блейк бо намояндагони васоити ахбори умуми Тоҷикистон дар як сӯҳбати мизи гирд ширкат кунад. Дар ин мизи гирд бартариҳои ҳукумати Амрико барои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG