Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон хостори дастрасӣ ба роҳҳои обист


Зубайдулло Зубайдов-сафири Тоҷикистон дар Покистон гуфтааст, ки кишвараш мехоҳад тавассути бандари Гвадари Покистон ба роҳҳои обии ҷаҳон дастрасӣ пайдо кунад. Вай ин нуктаро дар мулоқот бо Мион Манзур Аҳмад Вату-вазири саноат ва тавлидоти Покистон изҳор доштааст. Дар ин мулоқот ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, Покистон роҳҳои ворид кардани нируи барқи Тоҷикистон ба манотиқи шимолии кишвари худро баррасӣ мекунад. Рӯзномаи "Дейлӣ Таймз"-чопи Покистон дар робита бо ҳамкориҳои энержӣ навиштааст, вазирони Покистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Афғонистон дар бораи интиқоли нируи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба бозори энержии кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ қатъномае ба имзо расонданд. Бонки исломии рушд, Бонки осиёии рушд ва Бонки ҷаҳонӣ барои иҷрои ин тарҳ розӣ шудаанд, ки 1 миллиард доллар дар ихтиёри Покистон гузоранд.
XS
SM
MD
LG