Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ален Абдулфайзов - ситораи Интевидение


Ален Абдулфайзов, овозхоне аз Истаравшан имрӯз барандаи бахши тоҷикистонии озмуни "Интервидение. 5 ситора" шуд, ки дар Кохи Борбади Душанбе баргузор шуд. Аз миёни 11 номзад, ки дар миёни онҳо исми Ҷонибеки Мурод, Меҳрнигори Рустам, Кирилл Қамбаров низ зикр шуд, назар ба иттилои хабарнигори Озодӣ, тамошобинон оҳанги "Муҳаббат"-и Ален Абдулфайзовро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол карданд. Ален акнун моҳи август Тоҷикистонро дар озмуни имсолаи "Интервидение. 5 ситора" намояндагӣ мекунад. Ален Абдулфайзов 30 сол дошта мегӯяд, ки аз ин пеш ба таври касбӣ бо овозхонӣ машғул нашудааст.
Ҳайати доварони озмунро Миралӣ Достиев, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ва овозхонҳои касбиву саршинос - Олим Ширинов аз гурӯҳи "Парем", Таҳмина Рамазонова аз "Авасто" ва Умари Зиё аз "Гулшан" намояндагӣ карданд. Инчунин раъйдиҳии СМС-ии тамошобинон барои таъйини ғолиби озмун ба инобат гирифта шудааст.
Нозирон гуфтанд, ки озмуни имсола мунсифона ҷараён гирифт. Соли гузашта Таҳмина Ниёзова аз Тоҷикистон барандаи ин озмуни овозхонҳои попи кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ ва ҷумҳуриҳои назди Балтика гардид.

XS
SM
MD
LG