Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори афсарони полис дар Афғонистон


Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки имрӯз бар асари таркиши бомбаи сарироҳие дар вилояти Қандаҳор ҳафт афсари полиси маҳаллӣ кушта шуданд. Дар изҳороти вазорати умури дохилаи ин кишвар омадааст, ки ҳодисаи мазкур дар вулусволии Регистони Қандаҳор, паноҳгоҳи аслии Толибон рӯй дод. Дар хабари дигар низомиёни амрикоӣ гузориш доданд, ки ду сарбози ИМА имрӯз бар асари таркише дар шарқи Афғонистон кушта шуданд. Сержант Чарлз Марш, сухангӯи низомён гуфт, ки таркише дар вилояти Пактико рӯй дод, аммо аз додани тафсилоти бештари ин ҳодиса худдорӣ кард. Як сухангӯи маъмурияти маҳаллӣ Ҳамидулло Жвак гуфт, ки сарбозони амрикоӣ ба ҳангоми аз ҷониби ҷангиён мунфаҷир шудани як мошини ҳомили бензин дар муқобили сохтмони ҳукуматии вулусволии Зирок кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG