Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соли фаъолияти порлумон чӣ гуна буд?


Натиҷаҳои як соли кори Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар сӯҳбати мизи гирди радиои Озодӣ баррасӣ шуд.

Сайдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси намояндагон, дар ҷаласаи ахири порлумон қабл аз рафтан ба таътили тобистона зимни ироаи як гузориши муфасcал кори Маҷлисро дар ин давра муваффақ ва босамар номид.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки порлумон дар доира ва паёми раисиҷумҳур ба Маҷлиси олӣ ба таҳия ва тасвиби қонунҳое машғул шуд, ки барои зиндагӣ ва пешбурди ҷомеа муҳим дониста мешавад. Аммо назари мардум ва арзёбии маҳофили мухталиф дар кишвар ба фаъолияти як соли ахири порлумон он қадар мусбат нест ва аз гузориши раиси Маҷлис фарқ мекунад.

Ҷумъабой Сангинов, раиси фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон
Дар робита ба фаъолияти як соли ахири Маҷлиси намояндагон Ҷумъабой Сангинов, вакили Маҷлис ва раиси фраксиюни Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, мегӯяд, «дар изҳори ақида ҳар се ҳизбе, ки дар порлумон ҳаст, ягон маҳдудият эҳсос намекунад. На маҳдудияти дастурӣ на маҳдудияти воқеӣ. Наздики фикру ақоиди ҲНИТ ва ҲКТ, фикр мекунам, ки дар бисёр маворид афкори мухталиф дар дохили фраксияи ҲХДТ ҳам ба назар мерасад».

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар Маҷлис намояндагон, гуфт, «қонунҳое, ки ахиран дар соли гузашта қабул шуд, дар баробари чанд қонуне мусбат ба воқеияти Тоҷикистон ҷавобгӯ набуданд. Ва сару садоҳоеро ҳам ба вуҷуд овард. Фикр мекунам, бори аввал ҳам порлумон ва ҳам ҳокимияти иҷроия дарк карданд, ки дар оянда наметвонанд кӯр-кӯрона ва сарсарӣ ҳар чизе, ки дар зеҳни як гурӯҳи мансабдорон ё доираҳои манфиатдор биояд, онро амалӣ кард. Чун мардум оҳиста-оҳиста ҳаққи худро шинохта истодаанд ва садо баланд мекунанд.»

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар порлумон, иброз кард, ки «ду сол пеш пайкараҳои В. И. Ленин - асосгузори давлати шӯравиро аз шаҳри Душанбе пурра бардоштанд. Ягон ҳайкали Ленин нест. Душанбе танҳо шаҳр дар Осиёи Марказист, ки ҳайкалҳои Ленин пурра бардошта шуданд. Шаш бор ба президент ва ба ҳукумат муроҷиат кардем, ҷавоб сифр. Зиёда аз 30 миллион долларро барои ин боғ (манзур боғи устод Рӯдакӣ ) гирифтанд, вале 1000 доллар наёфтанд, ки ҳайкалро ба ҷойи дигар интиқол диҳанд».

Қосими Бемуҳаммад, коршиноси тоҷик, мегӯяд, «мутаассифона, мо шоҳиди он ҳастем, ки ҳанӯз манофеи иҷтимоӣ табақабандӣ ва сохторбандӣ нашудааст. Ақшори мухталифи ҷомеа ба амалкарди ҳам давлат ва ҳам шохаи иҷроӣ ва ҳам шохаи қонунгузори кишвар чандон таваҷҷӯҳ надоранд».

Барои шунидани сӯҳбати мизи гирд ишораи аудио дар болои саҳифа аз тарафи ростро нохун занед.
XS
SM
MD
LG