Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Эронро дар "дурӯғпароканӣ" айбдор кард


Маъмурияти раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама мегӯяд, ки ҳукумати Эрон ба як "маъракаи дурӯғпароканӣ" машғул шуда эътирозгаронеро, ки баъди интихоботи рӯзи 12 июн раҳпаймоӣ карданд, дар куштори духтари ҷавон айбдор мекунад. Сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гиббс гуфт, ки ин як ҳодисаи такондиҳанда аст. Раиси полиси Эрон Исмоил Аҳмади Муқаддам дар Теҳрон гуфт, ки куштори Нидо Оғосултони 27-сола дар ҷараёни раҳпаймоиҳо рӯзи 20 июн як амали таҳрикомез барои беобрӯ кардани Эрон дар арсаи байналмилалӣ буд. Ҳалокати ин духтар дар наворҳои видео сабт шуда тавассути Интернет дар саросари ҷаҳон ба намоиш гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG