Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби раиси нави Оҷонси энержии ҳастаии СММ


Намояндагони 35 кишваре, ки дар шӯрои раҳбарони бахши СММ оид ба назорати ҳастаӣ қарор доранд, имрӯз раҳбари нави худро интихоб хоҳанд кард. Муҳаммад Ал-Бародаӣ баъди се мӯҳлат ё 12 соли раҳбарии Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ бояд охири моҳи ноябр салоҳиятҳои худро ба нафари дигар супорад. Соли 2005 Ал-Бародаӣ ва Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ, ниҳоди вобаста ба СММ барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел шудаанд. Дар раъйдиҳии даври аввал номзади ҷопонӣ Юкия Амано пешсаф шуд, вале ҳамоно барои бурдани аз се ду ҳиссаи овозҳо муваффақ нашуд, ки пирӯзии ӯро ҳамчун раҳбар таъмин мекард. Танҳо рақиби Амано Абдусамад Минтӣ аз Африқои Ҷанубӣ аст. Номзадии Луӣ Эчаваррии испанӣ аз рӯйхат соқит шудааст. Моҳи июни имсол Амано, сафири Ҷопон дар Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ дар як назархоҳии шӯрои ин оҷонс баранда шуда буд. Аъзои шӯрои раҳбарони ин оҷонси вобаста ба СММ бояд паси дарҳои баста то шаш дафъа барои интихоби ҷойгузини Ал-Бародаӣ овоз хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG