Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мичилеттӣ мухолифи бозгашти Зелайя аст


Мануэл Зелайя, раисиҷумҳури барканоршудаи Ҳондурас, “фақат бар асари таҷовузи хориҷӣ” метавонад ба кишвар баргардад. Ин изҳороти Роберто Мичилеттӣ, раҳбари муваққати Ҳондурас, дар сӯҳбат бо хабаргузории Associated Press пахш шуд. Ӯ Зелайяро, ки бар асари кудатои низомӣ аз мақом барканор шудааст, дар “ҷиноят алайҳи Қонунии асоси кишвар” муттаҳам кард. Дар ҳамин ҳол Созмони кишварҳои амрикоӣ аз раҳбарияти нави Ҳондурас талаб кард, ки тули се рӯзи оянда дар кишвар демократияро барқарор созад. Дирӯз Маҷмааи Кулли СММ низ дар як қатънома аз раисиҷумҳури қонунии Ҳондурас Мануэл Зелайя пуштибонӣ кард.
XS
SM
MD
LG