Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи гуфтугӯи дубораи Русияву Гурҷистон


Мақомоти Русияву Гурҷистон имрӯз дар Женева барои шурӯи дубораи гуфтугӯҳои амниятӣ, ки баъди ҷанги панҷрӯзаи порсола қатъ шуда буд, мулоқот мекунанд. Ин нишаст таҳти сарпарастии САҲА, Иттиҳодияи Аврупо ва СММ баргузор мешавад ва дар кори он ҳамчунин намояндаҳои ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ширкат хоҳанд кард. Ин нишаст масъалаи таъмини амният дар минтақа ва баррасии роҳҳалҳоеро барои мардуми беҷошуда дар маркази таваҷҷӯҳ қарор хоҳад дод. Нишасти имрӯза дар шароите баргузор мешавад, ки САҲА намояндагии ҳайати нозиронашро дар Гурҷистон расман баста нозирони СММ тоза аз Абхозистон берун мешаванд.
XS
SM
MD
LG