Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи ҳавопаймои Яман дар уқёнус идома дорад


Ҷустуҷӯи ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавоии Яман дар обҳои Уқёнуси инд идома дорад. Ин субҳи имрӯз бар фарози уқёнуси Ҳинд дар наздикии силсилаҷазираҳои Қамар ба садама дучор ва ба уқёнус сарозер шуд. Муҳаммад Абдулқодир-муовини раиси ширкати ҳавопаймоии Яман мегӯяд:

"Ин ҳавопаймо бо 153 нафар парвоз мекард. 139 мусофир 3 кӯдак ва 11 нафар халабон".

Мақомоти ширкати ҳавоии мусофирбарӣ гуфтаанд, ҷасади баъзе мусофиронро пайдо кардаанд. Як нафар ҳам зинда наҷот дода шудааст. Аэробус 310 аз шаҳри Санъо-пойтахти Яман ба Моронӣ-маркази ҷазираҳои Қамар парвоз мекард. Ҳоло ду ҳавопаймои низомии Фаронса ва як киштии ин кишвар аз ҷазираҳои Мейот ва Реюниони уқёнуси Ҳинд ба ҷустуҷӯи ҳавопаймои суқуткарда идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG