Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бағдод беруншавии нирӯҳои амрикоиро ҷашн мегирад


Мардуми Ироқ ба таҷлили шурӯи берунравии нирӯҳои амрикоӣ аз шаҳру манотиқ ва рустоҳои кишварашон омодагӣ мебинанд. Соатҳои 8 бегоҳи имрӯз ба вақти Душанбе қарор аст дар боғи Заврои Бағдод бо ширкати овозхонҳову ҳунармандон ва аҳли шеър ҷашнгирии ин рӯйдоди таърихӣ оғоз шавад. Маросими шурӯи берункашии нирӯҳои амрикоӣ бар тибқи созиши порсол ҳосилшуда сурат мегирад, ки рӯзи сешанбе, 30 июн мӯҳлати он сар хоҳад омад. Фардо дар Ироқ ба ин муносибат рӯзи иди миллӣ эълон шудааст. Зимни сӯҳбат дар Бағдод вазири хориҷа Ҳушёр Зеборӣ гуфт, ки ин оғози беруншавии комили нирӯҳои хориҷӣ аз хоки Ироқ аст:

"Мусалламан ин як рӯзи муҳим аст ва ин рӯзи аввали амалишавии воқеии созишномаи хуруҷи нирӯҳо тибқи созишномаи аз ҷониби ҳукумати Ироқ имзошуда мебошад. Ҳеҷ кас аҳамияти ин рӯз ё амали берун шудани нирӯҳоро камранг карда наметавонад. Ин қадами нахустинест, ки барои берун шудани кулли нирӯҳои амрикоӣ ё хориҷӣ аз хоки Ироқ кӯмак хоҳад кард".

Бо вуҷуди чандин таркишу бомбгузориҳои шадид ва пурқурбонии рӯзҳои гузашта аммо нирӯҳои амрикоӣ пойтахт, шаҳри Бағдодро тарк мекунанд. Нирӯҳои амрикоӣ бояд то охири соли 2011 аз хоки Ироқ пурра берун шаванд.
XS
SM
MD
LG