Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай муҳофизонро гунаҳгор кард


Раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай муҳофизони афғони корманди нирӯҳои эътилофии ИМА-ро барои куштори раиси полиси вилоят ва чаҳор афсари амниятии дигар дар Қандаҳор муттаҳам кард. Изҳороте, ки аз ҷониби дафтари Карзай пахш шудааст, аз муҳофизони хусусӣ тақозо мекунад, ки ба ихтиёри мақомоти дахлдори ҳукумати Афғонистон гузаранд. Ҳафизулло Холиқёр, додситони ноҳиявии Қандаҳор гуфт, ки ҳудудан 50 сарбози нирӯҳои амниятии афғонӣ ба ҳавлии кории додситони кулл дар Қандаҳор зада даромада тақозои озодкунии мардеро карданд, ки дар тақаллуби санадҳо муттаҳам мешавад. Дар паи задухӯрди мусаллаҳонаи дафъатан шурӯъшуда чанд нафар ба ҳалокат расиданд. Аҳмадвалӣ Карзай, бародари раиси ҷумҳурӣ ва як мақоми баландпояи Қандаҳор дар сӯҳбат бо радиои Афғонистони озод гуфт, ки дар натиҷа Мутеъулло Қотеъ ва даҳ ходими дигари полис дар ин ҳодиса кушта шуданд. Дар изҳороти президенти Афғонистон дар бораи кушта шудани 5 нафар гузориш мешавад. Ҳанӯз маълум нест, ки сабаби чунин тафовут дар шумори қурбониҳо чист. Сухангӯи нирӯҳои амрикоӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса ҳеҷ як аз сарбозони амрикоӣ ворид набудааст.
XS
SM
MD
LG