Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико иддаоҳои Аҳмадинажодро рад мекунад


Сюзан Райс Сафири ИМА дар Созмони Милал
Сюзан Райс Сафири ИМА дар Созмони Милал

Сафири ИМА дар СММ гуфт, Аҳмадинажод ба усули маъмулии ҳукуматаш, яъне иттиҳоми Ғарб ва Амрико бо дахолат ба умури дохилии Эрон рӯ овардааст.

Сюзан Райс Сафири ИМА дар Созмони Милал аз ҷумла гуфт, “ин фурсати бисёр муҳими тағйирот аст. Аҳмадинажод кӯшиш мекунад мавзӯъро табдил кунад, аммо дар шароити феълӣ ин стратегия самарабахш нахоҳад буд, зеро мардум мефаҳманд, ки Амрико ба умури Эрон дахолат накардааст”.

Хонум Райс афзуд, ки шубҳа ба қонунӣ будан ё набудани ҳукумати Аҳмадинажод барои Амрико мавзуи доғ нест, чунки ҳадафи аслии ИМА ҷилавгирӣ аз соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудани Теҳрон аст.

Ин дипломати воломақоми амрикоӣ гуфт, “мо бояд мутмаин шавем, ки аз тамоми имконоти худ, аз ҷумла дипломатия истифода бурдем, то ки ба ин ҳадаф бирасем ва ба Эрон имкон надиҳем, ба тавлиди силоҳи атомӣ қодир шавад”.

Девид Акселрод, мушовири аршади раисиҷумҳури Амрико, низ дар навбати худ ҳама иттиҳомоти Маҳмуди Аҳмадинажодро рад намуда гуфт, ки омодагии Амрико барои музокирот бо Теҳрон маънои талоши, ба истилоҳ, ҷоиза додан ба ин кишвар нест. Ӯ афзуд, мо мехоҳем бо эрониҳо дар сари як миз нишаста, ду роҳро ба онҳо пешниҳод кунем. Яке аз ин роҳҳо онҳоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бармегардонад ва роҳи дигар - пайомадҳои бисёр ногувор ва шадид хоҳад дошт.

Дэвид Акселрод суханони Обамаро ёдовар шуд, ки ҳафтаи гузашта дар робита ба музокироти чандҷониба бо Эрон изҳори хушбинӣ карда буд.

Мушовири Барак Обама гуфт, мақомоти Кохи сафед мехоҳанд бо ҷониби эронӣ сари мизи музокирот бишинанд ва таҳаввулоти ахири он кишвар - раҳпаймоиҳои баъдазинтихоботӣ ба ин раванд таъсири ҷиддӣ нагузоштааст.

Ӯ афзуд, ки пайдо шудани силоҳи ҳастаӣ дар Эрон ва ба минтақаи дорои силоҳи ҳастаӣ мубаддал гаштани Ховари Миёна барои ҳама кишварҳои минтақа ва тамоми ҷаҳон хатар эҷод мекунад ва Амрико наметавонад ин мушкилро бе посух гузорад.

Акселрод гуфт, ки Теҳрон бояд якеро интихоб кунад - ё бо Ғарб мушорикат мекунад, ё ин ки таҳти инзивои шадидтари ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG