Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати чаҳоргонаи Ховари Миёна аз Исроил


Чаҳоргонаи музокиротии Ховари Миёна аз Исроил даъват кард, ки ҳама корҳои сохтмониро дар шаҳркакҳои яҳудинишини Каронаи Ғарбӣ, аз ҷумла "тавсеаи табиии" шаҳракҳои алҳол мавҷуда мутаваққиф кунад. Чаҳоргонаи мазкур, ки аз ИМА, Русия, СММ ва Иттиҳодияи Аврупо иборат аст, баъди сари қудрат омадани Барак Обама дар Амрико барои нахустин бор нишасти расмӣ доир мекунанд. Исроил хатми бунёди шаҳракҳоро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG