Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин 20 қочоқбарро эъдом кард


Расонаҳои расмии Чин гуфтанд, ки мақомот 20 нафарро эъдом ва садҳо тани дигарро барои қочоқи маводи мухаддир дар арафаи рӯзи зидди нашъа ба зиндон андохтанд. Хабаргузории Синҳуа гуфт, ин ҳама эъдомҳову маҳрумкуниҳо аз озодӣ дар чанд рӯзи гузашта анҷом шудааст. Дар Пекин рӯзи панҷшанбе ҳукми марги шаш қочоқбар иҷро шуд. 26 июн бо як ибтикори СММ дар саросари ҷаҳон ҳамчун рӯзи байналмилалии зидди маводи мухаддир ва қочоқи ғайриқонунӣ ба хотири боло бурдани сатҳи огаҳии мардум аз ин хатарот баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG