Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъйи Медведев барои ором кардани Аврупо


Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия, ҳангоми идомаи боздидаш аз кишварҳои африқоӣ гуфт, Русия талош надорад, роҳҳои таъмини кишварҳои ғарбӣ бо нафту гази Африқоро таҳти назорат дарорад. Ин баёнияи Медведев ба гуфтаи яке аз намояндагони ширкати “Газпром” мухолиф аст, ки пештар ба хабарнигорон иброз дошт, дар сурати такмили созишнома бо корпоратсияи давлатии нафти Нигерия барои бунёди лулаи гази газ, Русия қодир ба назорати роҳҳои интиқоли гази Нигерия ба Аврупо хоҳад шуд. Дмитрий Медведев ҳамчунин ба Намибия сафар мекунад, ки захираҳои фаровони ураниумро дорад ва истифода аз захираҳои фаровони ураниуми он аз мавзӯъҳои аслии баҳси раҳбарони Русия ва Намибия хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG