Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи муҷассамаи Буддо дар Кобул


Вазорати фарҳанги Афғонистон имрӯз эълом дошт, ки бостоншиносон дар шаҳри Кобул муҷассамаи қадимаи Буддоро ошкор карданд. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли муовини вазири иттилоот ва фарҳанг Муҳаммадзиё Афшор иттилоъ додааст, ки ин муҷассама тақрибан дар қарнҳои панҷ ё шаш сохта шудааст. Дар Афғонистон, ки Роҳи бузурги абрешим аз он ҷо мегузашт, ёдгориҳои зиёди қадима маҳфуз аст. Соли 2001-ум мусалалҳои ҷунбиши "Толибон" дар вилояти Бомиён, воқеъ дар маркази кишвар, ду муҷассамаи бузурги Буддоро тахриб карда буданд.
XS
SM
MD
LG