Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманей: "Эрон зери бори зӯр нахоҳад рафт"


Раҳбари мазҳабии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ гуфт, ки низоми кишвараш дар баробари фишору зӯргӯӣ ба хотири бознигарии натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ сар хам нахоҳад кард. Ӯ афзуд, барои татбиқи қонун дар ҳалли мушкили интихобот пойфишорӣ хоҳад кард ва ба гуфтаи ӯ, “на низоми кишвар ва на миллат ба ягон қимате зери бори зӯр нахоҳанд рафт”:
Изҳороти раҳбари рӯҳонии Эрон баъд чанд рӯзи тазоҳурот дар хиёбонҳои Теҳрон ва чанд шаҳри бузурги кишвар алайҳи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 12 июн пахш шуд. Ба иттилоъи расмӣ дар интихобот раиси ҷумҳури феълӣ Маҳмуди Аҳмадинажод пирӯз шудааст.
Номзади ноком дар интихобот Мирҳусейни Мусавӣ пешниҳод кард, ки барои тафтиши натоиҷи интихобот комиссиюни мустақил таъсис шавад ва аммо Хоманеӣ инро рад кард. Имрӯз дигар аз номзади ноком дар интихобот Муҳсин Ризоӣ шикояти худ дар бораи тақаллубу қонуншиканиҳо дар ҷараёни раъйдиҳиро бозхонд.
Гуфта мешавад, ки дар бархурди миёни тазоҳургарон ва кормандони полиси Эрон дасти кам 17 нафар кушта шудаанд. Мақомоти интизомӣ ҳамчунин садҳо нафарро боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG