Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як гурӯҳи салафиҳо дар Душанбе


Масҷиди салафиҳо дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт баста шудааст

Дар шаҳри Душанбе ҳудуди 40 нафар пайравони ҷараёни мазҳабии «Салафия» бо раҳбари онҳо мавсум ба Мулло Сироҷиддин дастгир шудаанд.

Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилӣ, пайравони равияи «Салафия» дар минтақаи Зарафшони пойтахт дар натиҷаи як амалиёти муштараки кормандони кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва пулиси шаҳр боздошт шуда ва ба ин кумита интиқол дода шудаанд.

Ҷараёни «Салафия» аввалҳои соли ҷорӣ аз сӯи додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархости мақомоти додситонии кулли кишвар дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуда буд.

Тибқи қонуни нав, ба кишвар ворид кардани сабту навор ва адабиёти мазҳабии марбут ба ин равия низ манъ аст ва пайравони он ба масъулият кашида мешаванд.

«Салафия» равияест, ки дар саҳнаи мазҳабии Тоҷикистон тоза зуҳур кардааст ва раҳбаронаш шумори пайравони худ дар ин кишварро то 20 000 нафар баровард мекунанд.

Пас аз манъи расмии ҷараёни "Салафия" дар кишвар барои аввалин бор аст, ки чунин як амалиёт барои боздошти пайравони ин равия сурат мегирад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG