Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури Медведев ба Рамазон Қодиров


Рамазон Қодиров – раиси ҷумҳури Чеченистон мегӯяд, Дмитрий Медведев ба ӯ дастур додааст, то алайҳи шӯришиён дар Ингушистон мубориза барад, ки ба ҷони раиси ҷумҳури он сӯиқасд сурат гирифт. Юнусбек Евкуров – раиси ҷумҳури Ингушистон рӯзи душанбе зимни ҳамлаи як маргталаб ба мошини ӯ сахт захмӣ шуд. Шеваҳои ҷангии Рамазон Қодиров баъди як даҳсола нооромӣ дар Чеченистон дар ин минтақаи Русия суботи нисбиеро барқарор кард. Ба гуфтаи гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ, Рамазон Қодиров ҷудоихоҳони чеченро рабуда ва шиканҷа ва хонаҳои наздикони онҳоро оташ мезадааст, то ба он оромии нисбӣ дар Чеченистон даст ёбад.
XS
SM
MD
LG