Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се сарбози афғон дар Қандаҳор


Бар асари таркиши интиҳорие имрӯз болои корвони сарбозони артиш дар ҷануби Афғонистон се низомӣ кушта шуданд. Полис гуфт, ки артиш бо таҳқиқи вазъи амниятии пуле дар вилояти Қандаҳор машғул буд, ки мошине якбора ба даруни сафи сарбозон ҳаракат карда таркид. Ниёзмуҳаммад Сарҳадӣ, раҳбари полиси вулусволии Зияраи вилояти Қандаҳор гуфт, ки дар ин таркиш ду фарди мулкӣ дар баробари панҷ сарбоз маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG