Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури афзоиши музди кор дар Тоҷикистон


Президенти Раҳмон ба афзоиши музди кормандони риштаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳангу маориф дастур дод.

Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз якуми июли соли равон дастмузди кормандони бахшҳои беҳдошту ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кормандони фарҳанги Тоҷикистон 30 дарсад афзоиш меёбад.

Дар ин бора фармон дар сомонаи раиси ҷумҳур ба табъ расидааст. Аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ тибқи ҳамин фармон дастмузди кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва бахшҳои илму маориф 15 дарсад боло меравад.

Дар ду соли охир ин бори дувум аст, ки маоши кормандони буҷавӣ зиёд мешавад, аммо бо сабаби нарасидани бахши даромади буҷа ин афзоиш амалан таъмин карда намешавад. Омӯзгорон ва пизишкон шикоят доранд, ки моҳҳост, дастмузд нагирифтаанд. Аз фармони афзоиши музди кор, ки соли гузашта содир шуд, асосан кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти давлатӣ бетаъхир музд гирифтаанд.

Афзоиши маош дар ҳоле ба амал меояд, ки ниҳодҳои молии байнулмилалӣ аз иҷрои буҷаи давлатии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG