Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон таҳти назорати шадиди маъмурон


Бино ба гузоришҳо, баъд аз тазоҳуроти парокандаи рӯзи якшанбе дар шаҳри Теҳрон, тадобири амниятӣ дар ин шаҳрро тақвият бахшидаанд. Шоми дирӯз дар шимоли шаҳри Теҳрон, такягоҳи Мирҳусайни Мӯсавӣ - номзади шикастхӯрдаи интихобот садои тир ба гӯш расидааст ва ҳамчунин чархболҳо дар фазои он маҳал дар парвоз будаанд. Мирҳусайни Мӯсавӣ дирӯз аз тарафдоронаш хост, тазоҳурот алайҳи натиҷаҳои интихоботро идома диҳанд, ки бар асоси он, Маҳмуди Аҳмадинажодро пирӯз эълом шудааст. Телевизиони давлатии Эрон мегӯяд, бар асари тазоҳуроти рӯзи шанбе дар шаҳри Теҳрон даҳ нафар кушта ва бештар аз сад тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG