Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Генплан"-и зидди фарҳанг ва ислом дар Қошғар


Ду пирамард дар даромадгоҳи Масҷиди ҷомеи Қошғар.
Ду пирамард дар даромадгоҳи Масҷиди ҷомеи Қошғар.

Қошғар яке аз марказҳои таърихию тиҷоратии Роҳи Бузурги Абрешим дар вилояти мухтори Шинҷону Уйғури Чин ахиран зери хатар афтодааст.

Антуан Блуа
Ин шаҳри қадимӣ ва аз марказҳои фарҳанги исломӣ то ҳол меъморӣ ва сохтори вижаи худро ҳифз кардааст. Аҳолии онро асосан уйғурҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, узбакҳо ва тоҷикон ташкил медиҳанд. Ҳукумати Чин қарор кардааст, шаҳрро бозсозӣ кунад ва ин тарҳ сабаби нигаронии мардуми Қошғар шудааст.

Кӯчаҳои танг ва пурпечутоби қисмати қадимии шаҳри Қошғар аз рӯи меъморияш то андозае Бухорои садаи XIX-ро ба ёд меорад. Аммо
Аввали имсол сармоягузорӣ ба тарҳ то 440 миллион доллар зиёд шуда, тахриби хонаҳо бо шитобзадагие оғоз ёфт...
анъанаҳои шаҳрсозии Қошғар аз Бухоро наомада, он як намунаи ба хубӣ ҳифзшудаи шаҳрҳои суннатиест, ки ба ҳамаи Вилояти мухтори Шинҷону Уйғури Чин хос мебошад.

Мушовири созмони ғайридавлатии Хазинаи фарҳанги Пекин, Мэтю Ҳу Ксиню, мегӯяд, тарҳи бозсозии Қошғар ба биноҳои қадимии ин шаҳр таҳдид мекунад.

Вай мегӯяд: "Тирамоҳи соли гузашта ман шунидам, ки нақшаи бозсозӣ дар се соли оянда амалӣ хоҳад гашт. Фикр мекардам, мо фурсати инро дорем, ки коршиносон ва меъморонро ба баррасии ин тарҳ сафарбар кунем ва онро тавре ислоҳ намоем, ки мероси фарҳангӣ ҳифз шавад. Аммо аввали имсол сармоягузорӣ ба тарҳ то 440 миллион доллар зиёд шуда, тахриби хонаҳо бо шитобзадагие оғоз ёфт."

Оғози тахриби хонаҳо дар Қошғар.
Ончӣ акнун дар Қошғар мегузарад, то андозае ба маъракаҳои Тоҷикистон, мавсум ба "генплан" монанд аст. Аҳолиро ба зӯрӣ мекӯчонанд ва манзили онҳоро барои бунёди биноҳои наву замонавӣ вайрон мекунанд. Ба сурати умум бояд ҳамаи биноҳо дар 5 миллион метри мураббаъ тахриб ва 45 000 оила кӯчонда шавад.

Мақомоти давлати Чин мегӯянд, мақсади онҳо сохтани хонаҳои ба зилзила тобовар, танзими шабакаи обу барқ ва монанди инҳост. Дарвоқеъ заминҷунбӣ дар Шинҷон ҳодисаи камназир нест ва соли 2003 бар асари он 270 нафар ба ҳалокат расид.

Онҳо мегӯянд, биноҳои муҳим ҳифз хоҳанд шуд, аммо чунин бинаҳо мумкин ангуштшумор бошанд. Тарҳи нав биноҳои баландошёна, хиёбонҳои фарох ва майдону гулгаштҳоро дар назар дорад.

Фарҳангшинос Ксиню мегӯяд, албатта, тамоми биноҳои Қошғар дорои аҳамияти таърихӣ ва фарҳангӣ нестанд, аммо қариб ҳар хона дари

кандакорӣ, болорҳои ҳаккокишуда ва вассаҳои пурнақшунигор дорад. Аз сӯи дигар шакли ҷойгиршавии биноҳо дар Қошғар намунаи меъморию шаҳрсозии қуруни вустои Осиёи Марказист ва ба сари худ аҳамияти таърихӣ дорад ва тахриби онҳо ба маънии аз рӯи замин рӯфтани ин мерос аст.

Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ аз пешниҳодҳои ба феҳрасти мероси ҷаҳонии Бунёди фарҳанг ва маорифи СММ, Юнеско ворид кардани ин шаҳр аст, аммо Чин Қошғарро ба чунин номгӯй пешниҳод накардааст ва биноан, муҳофизе ба ҷуз аз созмонҳои ғайридавлатии Чин надорад.

Ҳенрик Жадзиевски, мудири Барномаи ҳуқуқи инсони уйғурҳо дар Вошингтон, дар солҳои 1990-ум чанд сол дар Қошғар омӯзгор будааст. Вай мегӯяд, сарнавишти шаҳри қадимии Қошғар норӯшан аст.

"То ҷое ки ман ин тарҳро медонам, боқимондаҳои шаҳри қадимӣ бетағйир мемонанд, то ҷаҳонгардонро ҷалб намоянд. Вале кӣ ин мавзеъ ва даромад аз сафари сайёҳонро идора хоҳад кард. Саноати ҷаҳонгардӣ соле ба Қошғар то 90 миллион доллар даромад медиҳад. Инро ҳам бояд дар назар дошт, ки сокинони бахши қадимаи шаҳр дар ягон тасмимгирӣ ширкат надоранд."

"Генплан"-и, ба истилоҳ, Қошғар як вижагии дигар низ дорад, ки ба он тобиши сиёсӣ медиҳад. Мақомоти Чин солҳои охир Қошғарро як паногоҳи ҳалқаҳои террористӣ меноманд ва мусулмонони ин шаҳрро дар чанд ҳамла ба марзбонони чиноӣ айбдор мекунанд. Шинҷону Уйғур ҳамеша мавриди иттиҳоми Пекин ба ҷудоиталабӣ ва тундгароии исломӣ будааст.

Жадзиевски мегӯяд, биноан "генплан"-и Қошғар як роҳи кандани решаҳои фаҳрангии ҷудоихоҳии уйғурҳо ва ассимилятсия ё ҳазми онҳо бо роҳи тағйири таркиби аҳолӣ низ шумурда мешавад.

Мунаққидон Чинро айбдор мекунанд, ки таҳти шиори мубориза бо терроризм ормонҳои истиқлолхоҳӣ ва озодии баёну ҳувияти миллии мардумони ин минтақаро саркӯб мекунад. Ин бор аз тариқи "генплан"-и Қошғар.
XS
SM
MD
LG