Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори бахши туркмании РО даргузашт


Сапармурод Овезбердиев-хабарнигори бахши туркмании радиои Озодӣ баъд аз бемории саратон 19-ӯми июн дар сини 71 солагӣ дар Вошингтон даргузашт. Вай соли 1962 донишгоҳи адабиёти Маскавро хатм карда буд. Аз соли 1992 дар Ашқобод хабарнигори ин радио буд. Вале баъд аз таҳдиди нируҳои амниятӣ маҷбур шуд Туркманистонро тарк кунад ва соли 2004 бо се писараш ба Амрико равад. Овезбердиев аз Вошингтон низ бо бахши туркмании радио ҳамкорӣ мекард. Вай дар муҳити бастаи кишвараш дар ҳимоят аз озодии баён ва таъмини демократия саҳм дорад ва аз ҷумлаи хабарнигоронест, ки дар он солҳо боздошту таҳқир ва таҳдид ба маргро аз сар гузарондааст, бо вуҷуди ин вай ҳеҷ гоҳ аз кораш даст накашидааст.
XS
SM
MD
LG