Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи Багром 2 кушта дод


Мақомоти низомии Афғонистон ва Амрико мегӯянд, дар як ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи аслии низомиёни Амрико дар Афғонистон 2 низомии Амрико кушта, 6 нафар захмӣ шудаанд. Хонум Кристина Сиденстрике-сухангӯи низомиёни Амрико ба хабаргузории Ассошиейтед Прресс гуфтааст, аз 6 нафари захмиён 4 нафар низомӣ ва ду нафар ғайринизомӣ мебошанд. Кабир Аҳмад-раиси пойгоҳи Багром аз ҷониби ҳукумати Афғонистон гуфт, субҳи рӯзи якшанбе ба сӯи ин пойгоҳ ду мушак партоб шудааст. Ҳадс зада мешавад, ки ин ҳамларо афроди Толибон анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG