Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусавӣ:Кишвар бояд аз дурӯғ пок шавад


Мирҳуссейн Мусавӣ-раҳбари мухолифони Эрон мегӯяд, Ҷумҳурии Исломӣ бояд худро, ба гуфтаи вай, аз дурӯғу найранг пок созад. Ин изҳороти интернетии Мусавӣ замоне пахш мешавад, ки ҷонибдорони вай бар зидди интихоботи раёсати ҷумҳурии ҳафтаи пеш ҳамчунон тазоҳуроти эътирозии худро идома доданд. Пулис аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода кард, то эътирозгарон ба хиёбони аслии Теҳрон роҳ наёбанд. Дар ҳамин ҳол, матбуоти маҳаллӣ мегӯяд, як бамгузори интиҳорӣ дар сари мақбараи оятулло Хумайнӣ худро мунфаҷир кардааст, ки дар натиҷа 2 нафари дигар кушта, 8 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG