Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои нигаҳбони Эрон ба Мусавӣ ҳушдор дод


Рӯзи шанбе шӯрои нигаҳбони Эрон ба Мирҳусейни Мӯсавӣ-номзади мағлуби расёсати ҷумҳурии ин кишвар ҳушдор дод, ки вай масъулияти пайомадҳои раҳпаймоиҳои бештар дар Эронро бар ӯҳда хоҳад дошт. Хабаргузории ИСНА аз номи Аббос Муҳтоҷ-раиси ин шӯро, ки ҳамзамон муовини вазири дохила низ ҳаст, дар номае ба оқои Мусавӣ навиштааст, ки агар вай ҳар гуна раҳпаймоиро таҳрик кунад ва ё ба баргузории раҳпаймоӣ даъват кунад, дар он сурат масъулияти авоқиби онро бар ӯҳда хоҳад дошт. Аммо Муҳаммад Алӣ Аёзӣ-рӯҳонии ислоҳотталаб дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ чунин гуфт:

"Агар оқоён дунболи оромиш ҳастанд ва дунболи ин ҳастанд, ки эътирозоти мардум шакли мусолиматомез дошта бошад, ин роҳаш нест, роҳаш ин аст, ки иҷоза диҳанд мардум эътирозоти мусолиматомезашонро анҷом диҳанд, то табдил ба хушунат нашавад".

Тибқи хабари дигар, Шӯрои Нигаҳбони Эрон рӯзи шанбе иҷлоси изтирории худро баргузор мекунад, то масъалаҳои баҳсбарангези интихоботиро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG