Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирсоли санади муҳим барои имзо ба Обама


Конгресси Амрико санади 106 миллиардолларии хароҷоти давлатиро барои имзо ба Барак Обама раиси ҷумҳури ин кишвар фиристод, ки 80 миллиард доллари он барои амалиётҳо дар Ироқу Афғонистон ва ҳамчунин кӯмаки молӣ ба Покистон пешбинӣ шудааст. Баъди пазируфтани санад дар Маҷлиси Намояндагони Амрико дар аввали ҳамин ҳафта, вакилони сенат онро рӯзи панҷшанбе қабул карданд. Интизор меравад, Барак Обама санади мазкурро ба имзо расонад. Бар асоси ин санад, тақрибан 80 миллиард доллар барои амалиётҳои низомӣ дар Ироқу Афғонистон ва ҳудуди якуним миллиард доллар барои кӯмаки молӣ ба Покистон пешбинӣ шудааст, ки сарбозонаш ба зидди Толибон меҷанганд.
XS
SM
MD
LG