Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони Аврупо хотима меёбад


Сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо имрӯз нишасти дурӯзаи хешро бо талош барои мойил кардани мардуми Ирландия барои пазируфтани Аҳдномаи Лиссабон ба поён мерасонанд. Ин яке аз масъалаҳои муҳими нишасти Иттиҳодияи Аврупо буд, зеро шарикони Ирландия дар иттиҳодия метарсиданд, ки дигарбора баҳсҳо доир ба Аҳдномаи Лиссабон авҷ хоҳад гирифт. Аҳдномаи мазкурро, ки ба хотири осонтар кардани тасмимигириҳо дар Иттиҳодияи Аврупо таҳия шудааст, раъйдиҳандагони ирландӣ соли гузашта напазируфтанд.
XS
SM
MD
LG