Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор даста – муддаъиёни Ҷоми Тоҷикистон


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба натоиҷи бозиҳои даври чаҳорякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2009 бахшида шудааст.

Барномаи навбатӣ бо хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳон шурӯъ мешавад:

Чаҳор шаҳр – Чикагои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мадриди Испания, Рио-де-Жанейрои Бразилия ва Токиои Ҷопон муддаъиёни мизбонии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 мебошанд. То интихоби шаҳри ғолиб камтар аз чаҳор моҳ мондааст. Дар муддати як ҳафта намояндагони шаҳрҳои маддаъӣ бо аъзои Кумитаи байнулмилалии олимпӣ вомехӯранд. Дар ин вохӯриҳо аз 107 аъзои Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ҳадди ақал 94 нафар ширкат хоҳанд кард. Онҳо имкон пайдо мекунанд, ки бидуни ширкати сарварони кишварҳо, наворҳои зебо ва варзишгарони машҳур, ки таваҷҷӯҳро ба худ ҷалб месозанд, ҳамаи масоили муҳимро батафсил баррасӣ намоянд.

Пойтахти Олимпиадаи соли 2016 дар сессияи 126-уми Кумитаи байнулмилалии олимпӣ 4-уми октябри соли ҷорӣ эълон хоҳад шуд.

Шаҳри Прага ба иллати бӯҳрони молӣ аз мубориза барои ҳаққи мизбонии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 даст кашид. Шӯрои шаҳрии пойтахти Ҷумҳурии Чех барои қатъи омодагӣ ҷиҳати ширкат дар озмуни баргузории Олимпиадаи соли 2020 қарор қабул кард. Ба назари вакилони шӯро дар шароити бӯҳрони молӣ онҳо барои сохтмони иншооти варзишӣ маблағ дарёфт карда наметавонанд.

Кумитаи олимпии Кувайт аз узвияти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ метавонад маҳрум шавад. Чунин тасмим ба иллати қонунгузории ин кишвар, ки ба худмухтории ташкилотҳои варзишии мамлакат кафолат намедиҳанд, гирифта хоҳад шуд. Кувайт ду моҳ пеш бояд қарор дар бораи адами дахолати ҳукумати кишвар ба кори Кумитаи олимпии мамлакатро имзо мекард, вале дар ин бора то ба ҳол иқдоме накардааст, бинобар ин Кумитаи байнулмилалии олимпӣ кори Кумитаи олимпии Кувайтро то 1-уми август мутаваққиф кард.

Дар марҳалаи муқаддамотӣ 10 даста барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон-2009 муддаъӣ буданд. Ду дастаи шаҳри Душанбе - «Истиқлол» ва «Гвардия» - сабқатро аз даври ҳаштякниҳоӣ ва чаҳор дастаи дигар – «Энергетик»-и Душанбе, «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Хайр»-и Ваҳдат аз чаҳорякфинал шурӯъ карданд. Инчунин бозии аввали ҳаштякниҳоӣ мебоист байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва бозии чаҳорякниҳоӣ миёни тимҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода барпо мешуданд, вале «Равшан» ва «Парвоз» ба иллати камбуди маблағ аз ширкат дар Ҷоми Тоҷикистон-2009 даст кашиданд. Бинобар ин бидуни бозӣ «Вахш» ба даври чаҳорякниҳоӣ ва «Регар» ТадАЗ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Ғайричашмдошти коршиносон «Вахш» дар бозии аввали чаҳорякниҳоӣ дар майдони худ аз тими «Истиқлол» бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Дар бозии ҷавобӣ дар ҳайати дастаи «Вахш» ду бозигари нав – нимҳимоятгар Анвар Норқулов ва ҳамлагар Ҷомихон Муҳиддинов, ки ҳарду аз дастаи «Парвоз» даъват шудаанд, ҳунарнамоӣ карданд. Гарчанде «Вахш» дар бозии дуюм дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бар дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 1:0 пирӯз гашт, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ аз ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми Тоҷикистон маҳрум шуд. «Истиқлол», ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, бо дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бозӣ хоҳад кард.

Бозии дигари ниманиҳоӣ байни ду дастаи шаҳри Душанбе – «Энергетик» ва ССКА «Помир» баргузор хоҳад шуд. Бозиҳои аввали ниманиҳоӣ 22-юм ва 23-юми август ва бозиҳои ҷавобӣ 29-ум ва 30-юми август барпо мешаванд. Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2009 дар бозии ниҳоӣ рӯзи 5-уми октябр муайян хоҳад шуд.

Дар ҷараёни бозиҳои чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон мо бо Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи «Истиқлол», Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Вахш», инчунин, ҳамлагар Юсуф Рабиев, капитани дастаи «Истиқлол» ва Амоншоҳ Саодатсайров, дарвозабони дастаи «Истиқлол», ҳамсӯҳбат шудем, ки ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешаванд.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG