Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти собиқадорони Куммиссиюни оштии миллӣ


Иддае аз собиқадорони Куммиссиюни оштии миллӣ дар як нишаст таъсиси як ниҳоди таҳлилӣ роҷеъ ба фаъолияти ин куммиссиюнро пешниҳод карданд.

Иброҳим Усмон, узви собиқи Куммиссиюни оштии миллӣ ва аз ҷонибдорони таъсиси чунин ниҳод, мегӯяд, ки матбуот имрӯз ба ходисаҳои ҷанги шаҳрвандии кишвар аз диди манфӣ баҳо дода, чеҳраҳои дар ин ҷанг саҳмдоштаро гоҳ сафеду гоҳи дигар сиёҳ мекунад ва ҳатто фаъолияти Куммиссиюни оштии миллиро зери суол мегузорад.

Ба гуфти Иброҳим Усмон, имрӯз зарурати таъсиси як маркази тадқиқ ва таҳлили фаъолияти Куммиссиюни оштии миллӣ ба миён омадааст. Вай гуфт, «аз забони мову шумо моро ба ҳамдигар душман карда истодаанд, моро ҳамчун бозича истифода бурда истодаанд. Пас мо ба ин кор шурӯъ кунем. Ин корро мо карда метавонем, на каси дигар».

Куммисиюни оштии миллӣ бар асоси созишномаи сулҳи соли 1997 имзошуда байни давлати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин таъсис ёфт ва то моҳи марти соли 2001, яъне ба кор оғоз кардани парлумони ҷадид, фаъолият кард. Татбиқи созишномаи сулҳ ва истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвар дар пайи 5 соли ҷанги хунини шаҳрвандӣ аз ҷумлаи аҳдофи асосии ин куммиссиюн буд.

Иброхим Усмон, ки дар КОМ намояндаи ҳукумат буд, бо назардошти арзишмандии санади Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ки аз ду тараф – аз ҷониби Ҳукумати Муросои миллӣ ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин имзо шудааст, ёдовар шуд, ки мақсад ва вазифаи аввалиндараҷаи КОМ барқарори сулҳ буд ва ин амалӣ гашт. Вале ин маънои онро надорад, ки бо гузашти сол ҷойгоҳ ва мавқеу мартабаи шахсиятҳои ташаббускори он зудуда шавад. Барои ҳамин бояд мо таърихи миллат ва ҳаводиси ҷанги шаҳрвандии кишварро барои наслҳои оянда мунсифона нависем.

Намояндаи ИНОТ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода иброз дошт, ки фақат як тарафро саҳим донистан дар истиқрори сулҳ, боиси кунд гардидани ваҳдати миллӣ дар ҷомеа гардидааст. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода мегӯяд, ки пеш аз он ки мо воқеоти таърихӣ ва арзишмандии санади сулҳ ва ваҳдатии миллиро ба ҷомеа ва ҷаҳон талқин кунем бояд ба маҳзари сулҳи барқароршуда ва саҳми шахсиятҳои калидии он бештар таваҷҷӯҳ кунем.

Оқои Тураҷонзода гуфт «созишномаи мо номаш аҷиб аст, созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти милли. Сулҳ вуҷуд дорад, дар кишвар нерӯҳое нест, ки мухолифи сулҳ бошад, таҳдид кунад. Ва нерӯҳои низомӣ ҳам нест, ки ба давлат таҳдид кунад. Инҳо омилҳое ҳастанд, ки дар кишвари мо оромиро нигоҳ медорад. Яъне набудани ин таҳдидҳо. Аммо қисмати дуввумаш ризояти миллӣ аст. Ризояти миллӣ аст, ки аз ризояти миллӣ ваҳдати миллӣ эҷод мешавад. Дар як ҷомеа намешавад ҳама розӣ бошанд. Вале давлат бояд коре кунад, ки аксарият розӣ бошад».

Дар ҳоле, ки иддае аз собиқ аъзои КОМ иддаои навиштани ёддоштҳои хешро дар мавриди фаъолияти КОМ доранд, амммо иддаи дигар аз таҳриф шудани таърихи КОМ ва иҷро нагардидани талаботҳои санади Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Роҳбари маънавии ҲНИТ Муҳамадшариф Ҳимматзода, ки ба далели маризӣ ба ин нишаст натавонист ҳозир бишавад, андешаҳояшро тариқи як навори телевизионӣ ба иштирокчиён баён дошт ва аз тақдири зиндониёни собиқ мухолифин ва авф шудани шахсони тасодуфии ҷинояткор тайи ин солҳо изҳори нороҳатӣ кард. Ба гуфти оқои Ҳимматзода, бо вуҷуди гузашти 12 сол аз имзои қарордоди сулҳ, Тоҷикистон то ҳол ба эҷоди як ҷомеаи шаҳрвандӣ муваффақ нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси як назарсанҷии ахиран анҷомдодаи созмони “Сотсиолог”, назари ҷомеаи Тоҷикистон ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва шахсиятҳои калидии он даврон хеле манфист.

Бо гузашти солҳо хотироти солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ёди мардум ба тадриҷ зудуда мешавад ва акнун нақши чеҳраҳои ангуштнамои он даврон ва КОМ низ камрангтар ба назар меояд. Вале ба назари ағлаб, зарурати таҳқиқ ва омӯзиши ҳаводисе, ки дар солҳои навад бо Тоҷикистон гузашт, аз байн нарафтааст ва таъсиси ниҳоди таҳқиқотие, ки аъзои собиқи ин кумиссиюн пешниҳод мекунанд, метавонад дар ин амр мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG