Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли ихроҷи 30 муҳоҷир аз Русия


Мақомоти Русия мегӯянд, муҳоҷиронеро, ки се нафари онҳо дар фурӯафтии бино дар шаҳри Маскав ба ҳалокат расиданд, ихроҷ хоҳанд кард. Муқаррар шудааст, ки ин се қурбонӣ шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Шоми чаҳоршанбе як бахши ин бино фурӯ рафт ва бар асари он се нафар кушта ва се тани дигар захмӣ шудаанд. Ба гузоришҳои пешакӣ, бино дар натиҷаи муроот нашудани амнияти фаннӣ ва ҳангоми бозсозию тармим аз ҳам пошидааст. Ҷамъан дар ин ҷо зиёда аз 30 муҳоҷир бидуни иҷоза кору зиндагӣ мекардаанд. Бахше аз онҳо шаҳрвандони Узбакистон ива бахши дигар аз Тоҷикистон мебошанд.
XS
SM
MD
LG