Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вошингтон иттиҳоми Теҳронро рад кард


Вошингтон иттиҳоми ҷониби Эрон дар мудохила ба умури ин кишварро рад кард. Кохи сафед гуфт, ки раисиҷумҳур Барак Обама бидуни мудохила ба баҳсҳои дохилии Эрон, ба дифоъ аз ҳуқуқи эрониҳо барои эътирози осоишта идома хоҳад дод.
Дируз вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон сафири Шветсия дар Теҳронро даъват намуда, изҳороти ИМА дар бораи натиҷаҳои интихоботи раёсатиҷумҳурии Эронро “мудохила ба умури кишвар” номид. Сафорати Шветсия дар Теҳрон аз манфиатҳои Амрико дар Эрон дифоъ мекунад. Хабаргузории “Форс” иттилоъ дод, ки вазорати хориҷаи Эрон ба сафири Шветсия “эътироз ва ноқаноатмандии” Эрон аз изҳороти Вошингтон дар робита ба натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии он кишварро баён намуд.
Вазири умури хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар ин робита гуфт “мардуми Эрон ҳақ доранд, то ки садои онҳоро шунаванд ва ба инобат бигиранд.”
XS
SM
MD
LG