Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии собиқ вазири умури дохилӣ


М. Солеҳов ҳангоми кор ба ҳайси вазири умури дохилии Тоҷикистон, Душанбе, 30 июди соли 2008.
М. Солеҳов ҳангоми кор ба ҳайси вазири умури дохилии Тоҷикистон, Душанбе, 30 июди соли 2008.

Собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон Муҳаммадназар Солеҳов шоми 17-уми июн дар манзилаш дар Душанбе худкушӣ кардааст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, Солеҳов соати нӯҳи шоми имрӯз дар манзили хеш даст ба худкушӣ задааст. Ин мақомот афзудаанд, худкушии Солеҳов дар ҳоле ба амал омад, ки имрӯз Додситонии кулли Тоҷикистон ба боздошти ӯ дастур дод.

Худойназар Солеҳов, писари 12-солаи Солеҳов, дар гуфтугӯи телефонӣ ба радиои "Озодӣ" марги фоҷиавии падарашро тасдиқ кард, вале гуфт ҳодиса дар ҳоле ба амал омад, ки гурӯҳи афроди ношинос бо дашному таҳдид ба манзили онҳо ворид шуда, бо Муҳаммадназар баҳси лафзӣ кардаанд. Худойназар кӣ будани ин афродро намедонад ва мегӯяд, онҳо падарашро парондаанд.

Ҳақиқати ин суханони писари Солеҳовро манбаъҳои мустақил ҳанӯз тасдиқ накардаанд.

Муҳаммадназар Солеҳов тӯли чандин сол дар мақомҳои додситони кулли Тоҷикистон, раиси Додгоҳи қонуни асосӣ, муовини вазири корҳои дохилӣ, вазири умури дохилӣ ва ду навбат раҳбари дастгоҳи иҷроя ё маъмурияти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буд ва яке аз шахсиятҳои бонуфуз ва калидӣ дар ҳукумати Раҳмон ба шумор мерафт.

Cолеҳов аввали имсол аз мақоми вазири умури дохилии Тоҷикистон барканор шуд ва дар атрофи ин истеъфо ҳадсу гумонҳои гуногун паҳн гашта буд. 14-апрели соли равон бародари ӯ, Тағойназар Солеҳов бо иттиҳоми ҷиноятҳои сангин боздошт шуд ва гуфта мешавад, ҳабси ӯ замоне мумкин гардид, ки Муҳаммадназар Солеҳов аз вазифааш рафт.

Бино ба маълумоти Додгоҳи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноии Тағойназар Солеҳов, ки аз 2 ҷилди беш аз 600 саҳифагӣ иборат аст, 10 сол пеш аз ин, боз шуда, вай аз ҷумла дар куштор ва нигаҳдошти ғайриқонунии силоҳ айбдор мешавад. Тағойназар Солеҳов 56 сол дорад ва то боздошт шуданаш масъулияти раҳбарии терминали гумруки шаҳри Душанберо бар ӯҳда дошт.

Ҳолномаи Муҳаммадназар Солеҳов

Муҳаммадназар Солеҳов 20-уми июни соли 1957 дар шаҳри Қӯрғонтеппе ба дунё омадааст. Соли 1979 шӯъбаи ғойибонаи бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Пеш аз ин аз соли 1974 то 1978 хаткашони Додгоҳи собиқ ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе ва баъдан иҷрокунандаи ҳукмҳои Додгоҳи собиқ ноҳияи Марказии Душанбе будааст. Пас аз як муддати кор дар дастгоҳи Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 1987 ноиби додситони собиқ вилояти Кӯлоб ва дар соли 1988 додситони ноҳияи Конибодом таъин шудааст. Пас аз шикасти Ҳукумати Муросои Миллии Тоҷикистон, дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба мақоми додситони кулли Тоҷикистон баргузида шуд ва то соли 1995 дар ин вазфиа кор кард. Аз соли 1995 то 1997 ноиби вазири умури дохилии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 1997 то 26-уми апрели соли 2000 сардори дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд. Сипас дар мақоми раиси Додгоҳи қонуни асосӣ ва раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон кор кардааст. Аз 13-уми декабри соли 2003 бори дигар ба мақоми сардори дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд ва дар моҳи декабри соли 2008 ба курсии вазири умури дохилии Тоҷикистон нишаста, 29-уми январи соли 2009 аз ин мақом барканор гардид. Генерал-майори хидмати дохилӣ, Мушовир давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси хидматнишондодаи Тоҷикистон буд. Дар аввали соли 1993 аз як суиқасд ҷон ба саломат бурда буд. 17-уми июни соли 2009 дар манзилаш дар Душанбе ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG