Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши аъмоли ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон


Маҳмадназар Солеҳов, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Маҳмадназар Солеҳов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки бо вуҷуди дар қаламрави Тоҷикистон надоштани ташкилотҳои воҳиди худ созмонҳои манмӯъ ва тундрави мазҳабӣ, назири «Ҳаракати исломии Узбакистон» (ҲИУ), ҳаммоно ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

Дар ин робита вазир гуфт, ки аъзои фаъоли ин ҳаракатҳо сари ҳар гоҳ вориди Тоҷикистон мешаванд, адабиёти мамнӯъро ворид мекунанд ва таблиғоти ғайриқонунӣ роҳандозӣ менамоянд.

«Вале дар ҳоли ҳозир авзоъ таҳти назорати нерӯҳои умури дохила қарор дорад, - афзуд вазир, - ва дар мавридҳои хос мо аъзои ин гурӯҳҳоро, ки муратакиби ҷиноят шудаанд, боздошт кардаем».

Ин ниҳоди кишвар иддаъо дорад, ки аъзои ҲИУ умдатан дар шимоли Тоҷикистон фаъол ҳастанд ва 5 боздоштшуда низ сокинони ноҳияи Исфараи вилояти Суғд мебошанд.

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон ҳамчунин аз афзоиши мазореъи кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, ки бо таваҷҷуҳ ба ин имкони тавассути марзҳои Тоҷикистон афзудани қочоқи маводи мухаддир бештар мегардад.

Ӯ афзуд, дар ҳоле ки соли равон ҳудуди 80 фоҳишахона дар кишвар ошкор шудааст, барои мусоидат ба густриши фаҳшо нисбат ба 99 зан парвандаи ҷиноӣ боз гардид.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG