Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши бемориҳои қалб дар байни ҷавонон


Коршиносон мегуянд, нодориву ниёзмандӣ ва шароити нокофӣ боиси болоравии ҳодисаҳои гирифтории ҷавонон ба бемориҳои хатарзо шудааст.

Абдураҳими 35-сола, як сокини Суғд, мегӯяд, мушкили бекорӣ, азоби мардикорӣ дар Русия, мушкилоти таъмини рӯзгор ӯро асабӣ ва дучори хастагӣ кардааст. Муоинаи вай дар назди духтур нишон додааст, ки вай аз дарди дил ба ин ҳол гирифтор шудааст.

Вай меафзояд, «шояд аз сабаби бекорӣ бошад, ки ман дар рӯзҳои охир хеле асабӣ шудаам. Духтурон ташхис намуданд, ки хуни ман ғафс шудааст. Сабаби ғафсшавии хунро аз зиқшавӣ гуфтанд, ки дар ҳақиқат рост меояд. Маро мушкилоти зиёди зиндагӣ мондаву хаста кардааст».

Ҳоло ба иловаи мушкили дарёфти даромади собиту хӯрондани оилааш вай бояд барои хидмати духтур ва маводи дорувораш маблағ дарёфт кунад, ки дучанд ҳолати бемории ӯро вазнин мекунад.

Аз миёни 2 900 ҳодисаи ҳалокати сокинони вилоят ҳудуди 1 700 ҳолат марбут ба амрози дил, норасоии калбӣ ва баландшавии фишори хун будааст ...
Ҷавони дигари ҳамсӯҳбатамон Фатҳулло Исҳоқов бар он аст, ки ҳоло дар миёни ҷавонҳои зиёд дар Суғд ингуна ҳолати яъсу ноумедӣ, асабонияту дардисарҳо мушоҳида мешавад. Ӯ мегӯяд, чунин ба назар мерасад, ки падару бобоҳои насли имрӯза назар ба ҷавонҳои имрӯза бо чолишҳои бештар рӯбарӯ мешаванд.

Вай меафзояд, «омилҳо зиёд ҳастанд, ки ҷавонон ба маризӣ дучор гаштаанд масалан, ба Русия ҳиҷрат кардани ҷавонон ва дар заводу фабрикахои химиявӣ кор кардани онҳо. Ман чандин карат нафаронеро медонам, ки дар заводҳои кислота ва моддаҳои химиявӣ кор мекунанд ва баъди бозгашт саломатии худро алакай аз даст додаанд».

Фурқат Маҳмудов, сардори шуъбаи демографии кумитаи омори Суғд, аз ҳолати маргумирии сокинон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ гуфт, аз миёни 2 900 ҳодисаи ҳалокати сокинони вилоят ҳудудан 1700 ҳолат марбут ба амрози дил, норасоии қалбӣ ва баландшавии фишори хун будааст. Шумори зиёди онҳо ҷавонон мебошанд.

Дар робита ба мавзӯъ пизишки дилшинос Иброҳим Хоҷаев сабабҳои авҷгирии ин бемориро дар миёни ҷавонон ҳамчунини ба бекорӣ рабт дода гуфт, ки дар натиҷаи асабонияти зиёд ҷавонон ба истеъмоли тамоку ва дигар маводи таскинбахш рӯ оварда, ба хотири фирор аз мушкили худ намефаҳманд, ки дучори мушкили дигар шудаанд.

Ва Наимҷони Самеъзод, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мегӯяд, ки вақтҳои охир шоҳиди маросимҳои дафнии ҷавонҳои зиёд шудааст, ки бар асари норасии қалбӣ ва сактаи дил даргузаштаанд.

Муҳиддин, як ҷавони суғдӣ, ки ҳоло 38-сола аст ва як дафъа аллакай сактаи қалбиро гузаронидааст, мегӯяд, варзиш ба ӯ умри дигарбора бахшидааст. Ӯ чаҳор сол мешавад, ки шуғли шиноварӣ дораду дар мавсими сармо низ дар Сирдарё шиноварӣ мекунад. Ҳоло, мегӯяд вай, дар баробари қавӣ шудани масунияти вай ба бемориҳои мухталиф, инчунин рӯҳияи вай беҳтар шуда, ба зиндагӣ бо дили пур аз умеду шодӣ менигарад.

Вай меафзояд, «ман бештар ҷавонон, ашхоси маризро ҷалб мекунам то ба варзиш шуғл варзида, мисли ман бо ин роҳ солимии худро дарёбанд». Муҳиддин бар ин назар аст, ки дар асл ҳама бемориҳо на аз набуди кору мушкилоти иқтисодӣ, балки аз муносибати кас ба зиндагӣ сар мезанад.
XS
SM
MD
LG