Пайвандҳои дастрасӣ

Дави марафонӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки 14-уми июн аз ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шурӯъ шуд, 27-уми июн дар шаҳри Хуҷанд ба анҷом мерасад.

Ба иттилоъи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон пойгаи марафонӣ, ки масофаи хеле дур – 1412 километрро ташкил медиҳад, таҳти шиори «Барои ягонагӣ ва рушди Тоҷикистон» баргузор шудааст.

Дар ин пойга, ки тӯли ду ҳафта идома хоҳад кард, 20 варзишгари бошгоҳи дӯстдорони дави Ширкати алюминии тоҷик иштирок доранд ва ҳар яки онҳо ҳаррӯз масофаи на камтар аз 35 километрро тай мекунанд.

Дар марҳалаи аввал - аз Мурғоб то Хоруғ – варзишгарон ба масофаи наздики 400 километр давиданд. Дар маркази вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкаткунандагони дави марафонӣ бо ҷавонони минтақа мулоқот карданд.

Баъдан варзишгарон бо хатсайри Хоруғ-Дарвоз-Кӯлоб-Қӯрғонтеппа-Душанбе-Хуҷанд давида, 27-уми июн – дар Рӯзи ваҳдати миллӣ - ба маркази вилояти Суғд мерасанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG