Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони Полша ва Олмон вориди Киев шуданд


Имрӯз вазирони умури хориҷаи Олмон ва Лаҳистон ё Полша вориди Киев-пойтахти Украина шуданд, то роҳҳоеро биомӯзанд, ки чӣ тарз Иттиҳодияи Аврупо барои раҳоӣ аз буҳрон дар чунин марҳалаи бӯҳрони иқтисодӣ метавонад ба Украина кӯмак кунад. Интизор меравад, ки Франк-Волтер Штанмайер-вазири умури хориҷаи Олмон ва Радослав Сикорски-вазири умури хориҷаи Полша бо Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури Украина ва ҳамчунин бо намояндагони порламону мухолифон мулоқот кунанд.
XS
SM
MD
LG