Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ва Минск ба созиш расиданд


Русия ва Белорус дар мавриди мушкили содироту воридоти маҳсулоти ширӣ ба созиш расиданд. Дар ин бора вазири кишоварзии Русия Елена Скринник хабар дод ва гуфт, ки тибқи созиши ҳосилшуда, муваққатан воридоти шири хушк аз Белорус коҳиш меёбад ва ҳамзамон воридоти дигар маҳсулоти ширӣ, аз ҷумла, панир ва равған афзоиш хоҳад ёфт. Ва аммо телевизиони Белорус хабар дод, ки ҳайати ҳукуматӣ аз музокирот бо мақомоти Русия оид ба содироту воридоти маҳсулоти ширӣ аз Маскав бозхонда шудааст.
Аз ин пеш Минск эълом дошт, ки назорати гумрукӣ дар марз бо Русияро шадидтар хоҳад кард. Мақомоти Белорус гуфтанд, ки аз Русия ба кишвар ба таври қочоқӣ маводи зиёд, аз ҷумла, обҷав ворид мешавад.
XS
SM
MD
LG