Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши газ ва қатъи кори «Тоҷиксемент»


Аз соати шаши субҳи 16 июн Ӯзбакистон ҳаҷми содироти гази табиии худ ба Тоҷикистонро 50 дарсад коҳиш дод.

Ҳамакнун аз ин кишвар ба Тоҷикистон шаш ҳазор метри мукааб гази табиӣ дар соат ворид карда мешавад, ки масрафкунандаи он танҳо ширкати Талко хоҳад буд. Бақия корхонаҷоти саноатии Тоҷикистон, аз ҷумла Тоҷиксемент, ки бо истифода аз гази табиӣ фаъолият мекарданд, аз фаъолият бозмонданд.

ҲУШДОР ВА ҚАТЪИ ГАЗ БАРОИ ҚАРЗ

Иллати коҳиши ҳаҷми гази табиии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ин аст, ки Тоҷикистон аз ин кишвар барои истифодаи ин навъи маводи сӯхт 17 миллион доллар қарздор аст.

Газро ба корхонаи "Тоҷиксемент" набояд қатъ кунанд, зеро маҳз ин корхона барои иншоотҳои муҳими стратегии кишвар, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун ва нерӯгоҳҳои Сангтуда 1 ва 2, семент истеҳсол мекунад ...
Ба навбати худ мақомоти ширкати «Тоҷиктрансгаз» гуфтанд, ки ширкати «Узтрансгаз»-и Ӯзбакистон ҳаҷми содироти газ ба кишварро 50 дарсад коҳиш дод. Зеро Тоҷикистон натавонист 17 миллион доллар қарзи кишвари ҳамсоя барои истифодаи гази табии воридшуда то ин замонро пардохт кунад.

Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз», дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки замони зарбулаҷали «Узтрансгаз» барои пардохти қарзҳои ин ширкат бегоҳи рӯзи 15 июн поён ёфт. Масъулони ширкати «Узтрансгаз», ки то ба имрӯз дар ҳаҷми 12 ҳазор мукааб метр гази табиӣ ба Тоҷикистон содир мекарданд, розӣ шуданд, ки аз қатъи комили интиқоли гази табиӣ дар шароити феълӣ даст кашида, вале нишондоди мавҷударо то нисф коҳиш диҳанд. Оқои Шоимов афзуд, ки ин миқдори маводди сӯхт ҳамагӣ барои корхонаи тавлиди алюминии Талко масраф хоҳад шуд.

Муовини раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» афзуд, ки бо дар пайи мувофақаи ҳарду кишвар Ӯзбакистон ва Тоҷикистон кишвари ҳамсоя розӣ шуда буд, ки дар сурати пардохти қисм ба қисми маблағи қарз ҳаҷми содироти онро ба Тоҷикистон тағйир надиҳад.

КОРХОНАҲОИ БУЗУРГ ВА ҚАРЗДОР

Беш аз нисфи қарзи Тоҷикистон ба Узбакистон, яъне ҳудуди 10 миллион доллар, ба ширкати "Барқи тоҷик" рост меояд
Вале бархе аз корхонаҳо ва муассисаҳои бузурги саноатии кишвар, аз ҷумла ширкатҳои "Барқи тоҷик" - наздики 10 миллион доллар, корхонаи тавлиди сементи Душанбе - бештар аз 2 миллион, корхонаи зарфҳои шишагии "Лаъл" - бештар аз 1 миллион, "СомонСуғдгаз" - 2 миллион ва ширкати Талко - беш аз 600 ҳазор доллар аз қарзҳои худ ба ширкатро барнагардониданд ва ҳукумат низ натавонист аз манобеи дигар ин миқдори маблағро пайдо кунад.

Зимнан ширкати «Барқи тоҷик» аз қарздорони асосии ширкати «Тоҷиктрансгаз» маҳсуб меёбад.Ин ҳам дар ҳолест,ки ширкати тавлиди алюминий ё Талко аз ширкати «Барқи тоҷик» то ба имрӯз ба мабалғи 90 миллион сомонӣ қарздор мебошад. Ва дар сурати пардохти қарзи ин ширкатҳо ҳеҷ гуна мавонеъ барои харидории гази табии Ӯзбакистон пеш нахоҳад омад.

Корхонаи тавлиди сементи шаҳри Душанбе, ки бо номи «Сементзавод» маъруф аст, ба иллати қатъи интиқоли гази табиӣ аз субҳи 16 июн аз фаъолият бозмонд. Гуфта мешавад, ба иллати напардохтани 8 миллион сомонии пули қарз ширкати «Тоҷиктрансгаз» интиқоли газро ба ин корхона қатъ кардааст.

РУХСАТИИ БЕМУЗДИ 1000 КОРГАР

Бо ин ҳол Фазилат Сафарова, муовини раиси корхонаи тавлиди сементи шаҳри Душанбе, дар як тамоси телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ба сабаби қатъи фаъолият корхона маҷбур шуд беш аз 1000 коргари худро ба рухсатии бемузд фиристад. Хонум Сафаров гуфт, ки солҳои пеш корхона барои истифодаи гази табиӣ маблағро ба тариқи пешпардохт месупорид, вале ҳоло, ки шароити молиявии он як каме мушкил шудааст, набояд гази табииро қатъ кунанд. Зеро маҳз ин корхона аст, ки барои иншоотҳои муҳимми стратегии кишвар, азҷумла нерӯгоҳи Роғун ва нерӯгоҳҳои Сангтӯда 1 ва 2, семент истеҳсол мекунад.

Бар пояи қарордоди ҳарду кишвар, Тоҷикистон мебоист то панҷоҳ ҳазор метри мукааб гази табиӣ дар як соат ворид мекард. Ва то ҳоли ҳозир аз 550 миллион метри мукааби имзошуда камтар аз 140 миллион метр гази табиӣ аз Ӯзбакистон ворид шудааст. Масъулони ширкати «Тоҷиктрансгаз» гуфтанд, ки дар пайи ин маҳдудсозӣ ҳамаи нуқоти фурӯши гази табӣ дар кишвар аз фаъолият бозмонданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинони ҷумҳурӣ махсусан шаҳрҳои бузурге, чун Душанбеву Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа, дар ду соли ахир аз истифодаи гази табиӣ тақрибан ки маҳрум шудаанд.

Тибқи қарордоди байни ширкатҳои "Тоҷикгаз" ва "Узтрансгаз" , ки дар авохири соли гузашта ба имзо расид, Тоҷикистон барои ҳар ҳазор метри мукааб гази воридотӣ аз Ӯзбакистон 240 доллар пардохт мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати Тоҷиктрансгаз пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани баҳои гази табиӣ дар пайи пойин омадани қиммати он дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз сӯи Ӯзбакистон посух пайдо накардааст.
XS
SM
MD
LG